Мулоқоти О.Оқилов бо О.Гаврук
Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). – Дирӯз мулоқоти сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Окилов бо сафири Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олга Гаврук баргузор гардид.Зимни мулоқот муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус дар бахшҳои иқтисод, энергетика, кишоварзӣ ва маориф баррасӣ шуда, таваҷҷӯҳи асосӣ ба раванди ҳамгироиҳои ду давлат дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, СААД ва Аврупою Осиё зоҳир карда шуд.Оқил Оқилов аз он ки дар сохтмонҳои азими Тоҷикистон ва бахши кишоварзии мамлакат техника ва технологияҳои Белорус васеъ истифода мегарданд, изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки барои густариши ҳамкориҳо дар ин бахшҳо бояд минбаъд ҳам тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.Олга Гаврук изҳор дошт, ки мамлакаташ омода аст барои тарбияи мутахассисон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои таъмиру васлкунии техника ва таҷҳизоти сохти Белорус дар Тоҷикистон филиали як қатор муассисаҳои таълимии дорои равияи техникиро таъсис диҳад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






