Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо Сарвазири Покистон
Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 5 сентябр Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Саид Юсуф Ризо Ғелонӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдовро ба ҳузур пазируфт.Сафири Тоҷикистон нисбати обхезии харобиовар дар ҷануби Покистон, ки боиси ҳалокати шумораи зиёди одамон гардид, изҳори ҳамдардӣ намуд. Сипас масоили ҳамкории дуҷониба мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Сарвазири Покистон аз рушди босуръати муносибатҳои миёни ҳарду кишвар ва натиҷаи сафари Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ба Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар мулоқоти навбатии «чоргонаи Душанбе» изҳори қаноатмандӣ намуд. З.Зубайдов дар навбати худ қайд намуд, ки мулоқоти чорҷонибаи дар шаҳри Душанбе баргузоршудаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия ба таҳкими ҳамкории сиёсию иқтисодии ин кишварҳои минтақа қувваи нав бахшид. Дипломати тоҷик зикр намуд, ки дар Тоҷикистон таъсис додани намояндагии Бонки миллии Покистон, оғози парвози ҳавопаймоҳо дар хатсайрҳои мустақими байни Душанбе ва Исломобод, таҳия ва имзои созишномаи сеҷониба аз рӯи масъалаи интиқоли транзитии амвол бо иштироки Афғонистон ба ҳамкории бештар зичи тиҷоратию иқтисодӣ мусоидат менамояд.Дар хотимаи сӯҳбат сафири Тоҷикистон меҳмони олиқадрро ба чорабиниҳои Сафорат бахшида ба 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Исломобод сурат мегиранд, даъват намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ иттилоъ доданд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






