Мулоқоти сеюми сарони давлатҳои «Чоргонаи Душанбе»
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Имрўз дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сеюми сарони давлатҳои «Чоргонаи Душанбе» — Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон, Федератсияи Русия баргузор гардид.Барои иштирок дар ҳамоиши навбатӣ сарони давлатҳои Афғонистон, Покистон ва Федератсияи Русия – Ҳомид Карзай, Осиф Алӣ Зардорӣ ва Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарони давлатҳоро дар қароргоҳи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як – як истиқбол гирифта, ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.Барномаи мулоқоти сарони давлатҳои «Чоргонаи Душанбе» бо аксбардории умумӣ дар саҳни ҳавлии қароргоҳи ҳукуматӣ оғоз ёфт.Дар мулоқоти сеюми сарони давлатҳои «Чоргонаи Душанбе» масоили ҳамкории минтақавии чор давлат дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи ҷанубӣ баррасӣ шуд.Таваҷҷуҳи зиёд ба ҳамгироии муштараки чор давлат дар соҳаҳои амнияти минтақавӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ зоҳир карда шуд.Иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои минтақавии зербиноӣ доир ба бунёди роҳу пулҳо, нақбҳо, нерўгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли нерўи барқ ва ба ин восита мусоидат ба ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодии мардуми Афғонистон низ аз мавзўъҳои асосии сўҳбат буд.Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Афғонистон ва Покистону Федератсияи Русия метавонанд дар ин бастаи чоргона ҳамкории босамари амниятӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ, энергетикӣ ва иқтисодию тиҷоратии ба манфиати кулли кишварҳои минтақа равонагашта дошта бошанд. Аз фаъолияти гурўҳи кори чоргона оид ба ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва корҳои ҷорӣ доир ба таҳияи нақшаи мушаххаси тадбирҳои муштарак изҳори қаноатмандӣ карда шуд.Барои рушди бештари ҳамкорӣ дар ин бастаи чоргона пешниҳодҳои судманд ба миён гузошта шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла пешниҳод намуд, ки Шўрои ҳамоҳангсозии вазирони корҳои хориҷӣ ва иқтисоди кишварҳои чоргона таъсис дода шавад. Эмомалӣ Раҳмон аз таваҷҷуҳи хоса ва мусоидати фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли мушкилоти Афғонистон изҳори қаноатмандӣ карда, пешниҳод намуд, ки конфронси ояндаи байналмилалӣ оид ба масоили ин кишвар дар Тоҷикистон гузаронда шавад. Ин пешниҳод аз ҷониби сарони се давлати дигар дастрирӣ карда шуд.Баъди анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ сарони давлатҳои чоргона ба Эъломияи муштарак аз натоиҷи мулоқоти сеюми ин баста имзо гузоштанд.Зимни нишасти матбуотӣ сарони давлатҳо аз натиҷаҳои мулоқоти навбатӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳавасмандии кишварҳои худро ба идома ва густариши ҳамкорӣ дар ин баста таъкид намуданд.Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев бори дигар ҳавасмандии кишвари худро ба иштирок дар татбиқи амалии лоиҳаҳои зербиноии минтақавӣ, аз ҷумла лоиҳаи бунёди хатти баландшиддати барқии КАСА-1000, ки барои интиқоли нерўи барқ аз Тоҷикистону қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ шудааст, таъкид намуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд






