Мулоқоти вакил бо интихобкунандагон
Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Вакили палатаи поёнии парлумони мамлакат — Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Домуллоҷон Ҷабборов имрӯз дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо интихобкунандагони худ мулоқот намуд. Аз маркази матбуоти маъмурияти шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки шаҳрвандон ба вакили худ асосан бо масъалаҳои марбут ба манфиатҳои умум – қабулу тақвиятбахшии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои қонунгузорӣ дар самти андозбандӣ, иҷрои ваъдаҳои дар маъракаи пешазинтихоботӣ додашуда ва таъмири кӯчаю роҳҳо муроҷиат карданд.Ёдовар мешавем, ки Домуллоҷон Ҷабборов тибқи нақшаи тасдиқшудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 август инҷониб дар маҳаллаю қасабаҳои шаҳри Хуҷанд интихобкунандагони худро қабул менамояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






