Мурғоб обод мешавад
Хоруғ, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). — Меҳнаткашони ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб дар даврони Истиқлолият дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба комёбиҳои беше ноил гардидаанд. Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия соли 2005 қарори махсусро ба тасвиб расонида буд, ки имрӯз аксарияти бандҳои он пурра иҷро шудаанд. Чунончи, дар асоси ин қарор сокинони ноҳия илова ба маош 50 дар сад ҳаққи иловагӣ мегиранд. Дар асоси ин қарор дар ноҳия бинои 4 мактаби нав бунёд гардид. Қариб дар ҳар деҳаи кӯчак бунгоҳи тиббӣ бунёд ёфтааст. То охири сол сохтмони нерӯгоҳи барқи «Оқсу» оғоз мегардад. Дар маркази ноҳия беш аз 15 иншоот бунёд шудааст. Симои деҳоти Мурғоб тағйир меёбад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






