Мусодираи 22 кг маводи нашъаовар аз ҷануби кишвар
Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар рӯзҳои истироҳатӣ наздики 22 кг маводи нашъаовар аз вилояти Хатлон дарёфт намуданд. Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ бо гумони даст доштан дар интиқоли маводи мухаддири навбатӣ сокини 25 солаи шаҳри Кӯлоб Ғанӣ Ганиев, ки дар натиҷаи кофтукови хонаи ӯ 21 кг 500 г. маводи нашъадори навъи бангдона дарёфт шуд, дастгир гардид.Худи ҳамон рӯз дар натиҷаи амалиёти дигар дар шимоли кишвар барои фурӯши 1 кг ҳашиш дар ҳудуди бозори «Панҷшанбе» сокини 37 солаи шаҳри Хуҷанд дастгир шуд.Аз рӯи ҳар ду ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






