Мусодираи 714 адад дискҳои пастсифат
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо мақсади пешгирии воридоти ғайриқонунӣ, истеҳсол, фурӯш ва паҳншавии маводи аудио-видеовизуалии дорои манзараҳои фаҳшу зӯроварӣ ва экстеримистӣ давоми моҳи август дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Чкалов, Конибодом, Истаравшан, Исфара, Панҷакент, Б. Ғафуров, Зафаробод, Ашт, Ҷ. Расулови вилояти Суғд рейдҳои санҷишӣ гузаронида шуданд. Дар натиҷа аз нуқтаҳои паҳнкунӣ ва фурӯши маҳсулоти аудио — видеовизуалӣ 741 адад дискҳои пастсифат мусодира шуда, нисбат ба соҳибкорон 52 санад тартиб дода шуд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки барои бе иҷозатнома фаъолият намудани соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Исфара, Б.Ғафуров, Зафаробод, Ашт 12 протокол тартиб дода шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






