Нақша иҷро шуд!
Турсунзода, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Деҳқонони хоҷагии кооперативию истеҳсолии «Дӯстӣ»-и шаҳри Турсунзода зиёда аз 670 тонна пахта ҷамъ оварда, нақшаро бо сарбаландӣ иҷро намуданд. Тавре раиси хоҷагии мазкур Раҷабалӣ Сангинов иттилоъ дод, ҳанӯз дар саҳро ҳосил фаровон буда, деҳқонони хоҷагӣ азм доранд, ки тамоми ҳосилро беталаф ҷамъ оварда, барои ҳосили соли оянда заминаи боэътимод гузоранд.Умуман деҳқонони хоҷагиҳои шаҳри Турсунзода саъй доранд, ки имсол зиёда аз 8 ҳазору 232 тонна пахта ҷамъ оваранд. Лозим ба тазаккур аст, ки ҳоло деҳқонони хоҷагиҳои ба номи Аскаралӣ Мирзоев, «Ҳақиқат», «Боғи Сомон», «Экспресс» илова ба нақша пахта месупоранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






