Нақши ҲАТ дар таъмини сулҳу истиқрор дар ҷаҳон
Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Чанде пеш (5-6 сентябри соли 2011) Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия Нуриддин Шамсов дар иҷлосияи ҷашнии вазирони корҳои хориҷӣ бахшида ба 50-солагии Ҳаракати Адами Тааҳҳуд (ҲАТ), ки дар Белград барпо гардид, ба ҳайси намояндаи кишвари нозир ширкат варзид.
Иҷлосия бо сухани ифтитоҳии Раиси амалкунандаи Ҳаракат, Вазири корҳои хориҷии Миср Муҳаммад Комил Амр ва Президенти Ҷумҳурии Сербия Борис Тадич оғоз ёфт. Зимни иҷлосия намояндагони шаш кишвари муассиси Ҳаракат бо ишора ба дастовардҳои созмон тайи 50 сол аҳамияти таърихии ҲАТ-ро дар таъмини сулҳу истиқрор дар саросари ҷаҳон ва рушди ҳамкорӣ миёни кишварҳои рӯ ба тараққӣ арзёбӣ намуданд. Қайд гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавии имрӯза ва зуҳури таҳдид ва чолишҳои нав ба нави амниятӣ мақом ва мавқеи муассири ин ҳаракат дар таъмини истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти кишварҳои аъзо баланд арзёбӣ мегардад.
Иҷлосияи ҷашнии ҲАТ 6 сентябр бо қабули санади муштарак ва ҳамраъии кишварҳои аъзо ҷиҳати саъю талоши бештар баҳри ноил шудан ба ҳадафҳои созмон анҷом ёфт. Дар чорабинӣ ҳайатҳои зиёда аз 106 кишвари аъзо ва нозир, аз ҷумла Осиёи Марказӣ (ба истиснои Ӯзбекистон) ширкат варзиданд.
Дар ҳошияи чорабинии номбурда Президенти Ҷумҳурии Сербия Борис Тадич Сафири Тоҷикистон дар Австрияро ба ҳузур пазируфт. Дар вохӯрӣ дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва Сербия ва масоили дорои аҳамияти минтақавӣ баррасӣ гардид.
Вазири корҳои хориҷии Сербия Вук Йеремич ва Котиби давлатӣ И. Мркич бори дигар даъваташонро ба Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, ҷиҳати ташрифи расмӣ ба Белград таъйид карданд. Қайд гардид, ки чорабинии мазкур дар арафаи боздиди расмии Президенти Сербия аз Тоҷикистон муфид хоҳад буд.
Дар ин бора аз маркази матбуоти ВКХ ҶТ хабар доданд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






