Намоиш бахшида ба Рӯзи китоб
Душанбе, 1 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Китоб рукни муҳими тамаддуни башарӣ» — таҳти чунин унвон ба ифтихори Рӯзи китоб дар Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ намоиши китобҳо ташкил карда мешавад. Ин чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи китоб созмон дода шуда, дар он китобҳои тозанашр, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар нашр гардидаанд ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Камолзода Шариф, директори Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар намоишгоҳ беш аз 200 китоби ба тозагӣ нашргардида ба намоиш гузошта мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






