Намоишгоҳи ЭКСПО дар Урумчи
Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр). — Аз 1 то 5 сентябри соли равон дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин аввалин ярмаркаи ЭКСПО таҳти унвони «Чин – ЕвроОсиё» баргузор шуд. Ин чорабинии калони тиҷоратию иқтисодии байналмилалӣ буд, ки ба густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодии миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Ғарбӣ ва Ҷанубӣ мусоидат мекунад.Дар кори ярмаркаи ЭКСПО қариб 50 ҳазор нафар шахсони расмӣ, сохторҳои тиҷоратӣ, созмонҳои байналмилалии 33 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Русия, Озарбойҷон, Гурҷистон, Ӯзбекистон, Эрон, Покистон, Афғонистон, Муғулистон, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Фаронса, Туркия, Ҷумҳурии Куриё ва ғайра иштирок намуданд.Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид зимни суханрониаш дар «Форуми асосии ҳамкорӣ ва рушди иқтисодии Чин ва ЕвроОсиё» ҳозиронро даъват намуд, ки барои рушду густариши ҳамкории тиҷоратию инвеститсионӣ дар минтақа саъю кӯшишро дареғ надоранд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






