Назари таҳлилгарони афғон дар мавриди мулоқоти «Чоргонаи Душанбе»

Сентябрь 20, 2011 09:53

Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Таҳлилгарони афғон мулоқоти чорҷонибаи президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Федератсияи Русияро, ки 2 сентябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иқдоми неки сиёсӣ дар амри ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва стратегӣ арзёбӣ намуданд.Шабакаҳои телевизионии «Афғон – нюс», «Ориёно», «Тулӯъ – нюс», «Нурин», «Нур», «Телевизиони миллии Афғонистон» — и ин кишвар мулоқоти «Чоргонаи Душанбе» — ро иқдоми неки сиёсӣ арзёбӣ намуда, аҳамияти онро барои барқароршавӣ ва сулҳу суботи кишвар, ҷилавгирии қочоқи маводи нашъаовар ва муборизаи шадиди зидди терроризми байналмилалӣ зикр доштанд, ки саҳми он ба беҳдошти вазъи Афғонистон равшан мушоҳида мегардад.Мулоқотҳои дуҷонибаи иштирокдорони «Чоргонаи Душанбе» низ дар маркази диққати таҳлилгарон қарор доштанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Сентябрь 20, 2011 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад