НБО-и хурди нав дар ВМКБ ба истифода дода шуд

Сентябрь 4, 2011 15:04

Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Дар арафаи таҷлили 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон боз як нерӯгоҳи хурди нав ба истифода дода шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Тибқи суханони манбаъ нерӯгоҳи хурди «Ширг-2» дар ноҳияи Дарвози вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон бунёд шудааст. Иқтидори нерӯгоҳи мазкур 500 киловат соат буда, метавонад тамоми сол аҳолии ноҳияи Дарвозро бо нерӯи барқ таъмин намояд.Зикр кардан бамаврид аст, ки ду сол қабл дар ин мавзеъ нерӯгоҳи хурди барқи обии «Ширг-1» мавриди истифода қарор гирифта буд. Тибқи иттилои вазорати дар боло зикргардида дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ шумораи умумии нерӯгоҳҳои хурд ба 250 адад расид. То таҷлили ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ тибқи нақша боз ду нерӯгоҳи хурд — «Сангикар» дар Рашт ва «Марзич» дар ноҳияи Айнӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Нерӯгоҳи барқи обии «Марзич», ки иқтидораш 4,3 мегават мебошад, метавонад як қатор ноҳияҳои водии Зарафшонро бо нерӯи барқ таъмин намояд.Бояд зикр кард, ки дар доираи барномаи дарозмуддати бунёди нерӯгоҳои хурди барқи обӣ то соли 2020 бунёди 189 нерӯгоҳҳои хурд дар назар аст.

Сентябрь 4, 2011 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад