Нимпайкараи Сироҷиддин Исоев дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ
Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Дар ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон ба хотираи 100 – солагии зодрӯзи Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Сироҷиддин Исоев нимпайкараи ӯ гузошта шуд. Дар маросими ботантана раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов, роҳбарият, фаъолони ноҳия, хешовандон ва дӯстони С.Исоев иштирок доштанд. Сироҷиддин Исоев аз соли 1950 тайи 29 сол роҳбарии Кумитаи ноҳиявии Ҳизби коммунисти ноҳияи Колхозобод (ҳоло Ҷалолиддини Румӣ) – ро ба ӯҳда дошт. Ҳизб ва ҳукумат меҳнати ӯро ба дараҷаи баланд қадрдонӣ намуданд. Номбурда бо 4 нишон Ленин, нишонҳои Инқилоби Октябр, Байрақи Сурхи меҳнат, Нишони фахрӣ сарфароз шуда, бо ифтихорномаҳои Шӯрои Олии ҷумҳурӣ қадр гардида буд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






