Нимпайкараи устод Рӯдакӣ дар Бадахшон
Хоруғ, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). — 22 сентябри соли ҷорӣ дар ҳавлии китобхонаи вилоятии ба номи устод Рӯдакӣ нимпайкараи сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ гузошта шуд. Муовини аввали раиси ВМКБ Исмоил Орифшоев иброз дошт, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди адабиёт, аз ҷумла, ба тарғиби эҷодиёти шоирони классикии адабиётамон ва абадӣ гардонидани хотираи онҳо эътибори ҷиддӣ медиҳад. Ба ин хотир ҳайкалу нимпайкараҳои онҳо гузошта мешаванд. Муовини раиси вилоят инчунин аз зиндагиномаву фаъолияти эҷодии ин суханвари беҳамто ҳарф зада, қайд кард, ки устод Рӯдакӣ шамси пурнури самои маърифатест, ки 11 аср боз қалбҳои моро тасхир мекунад. Сипас дар Кохи ҷавонон ба ин муносибат базми созу наво баргузор гардид, ки дар он шоирон шеърҳои ба устод Рӯдакӣ бахшидаашонро қироат намуданд. Дар хотима оҳангу сурудҳои консерти ҳунарпешагони номдори вилоят дар толор танинандоз шуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






