Нишасти матбуотӣ дар ВКХ

Сентябрь 1, 2011 13:31

Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 30 август сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Назриев барои журналистони дохилӣ ва хориҷӣ нишасти матбуотӣ доир намуд.Ин чорабинӣ ба Мулоқоти чоргонаи президентҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия, иҷлосияи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, маҷлиси Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ ва ташрифоти расмии Президентҳои Русия ва Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд. Д.Назриев хабар дод, ки аз 1 то 2 сентябр ташрифи Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳамид Карзай ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ сурат мегирад.«Ҳамид Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ дар ҷараёни ташрифоташон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом медиҳанд. Сипас Президенти Афғонистон Ҳамид Карзай дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар шаҳри Душанбе ширкат меварзад. Ҳамчунин Президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ дар маросими гузоштани санги аввали бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар шаҳри Душанбе иштирок мекунад», — зикр намуд Д.Назриев.Президентҳои Афғонистон ва Покистон дар Мулоқоти чоргонаи президентҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия низ иштирок мекунанд.

Сентябрь 1, 2011 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад