Номаи шодбошии Банго
Душанбе, 15 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Тӯли 20 соли барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Чин ҳамчун кишварҳои дӯсту ҳамҷавор муносибатҳои дуҷониба дар сатҳи густурда тарҳрезӣ ва дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, нақлиёт, электроэнергетика ва ҳамкории фарогири масоили байналмилалию минтақавӣ нек амалӣ мешаванд». Чунин омадааст дар номаи шодбошии У Банго, Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитоии намояндагони халқи Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки ба унвони Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расида. У Банго ҳамзамон дар барқияи шодбошии худ афзудааст, ки «Маҷлиси умумихитойии намояндагони Халқи Чин бо Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро бояд роҳандозӣ намояд, ки таҳкими табодули таҷриба ва ҳамкориҳои байнипарлумонӣ баҳри тавсеаи ҳусни ҳамҷаворию дӯстонаи кишварҳоямон нақши муассир бозанд». Тибқи иттилои Шавкат Саидов, ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ, ҳамзамон, ба унвони Маҳмадсаид Убайдуллоев Александр Торшин- муовини аввали Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия, Владимир Литвин- Раиси Радаи Олии Украина, Анатолий Рубин – Раиси Шӯрои Ҷумҳуриявии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус ва Михаил Кротов — Котиби Генералии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барқияи шодбошӣ фиристонидаанд. Онҳо зикр намудаанд, ки дастовардҳои Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон шоёни таҳсин буда, саҳми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дастовард ва таҳкими робитаҳои байнидавлатию байнипарлумонӣ хеле арзишманд аст.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






