Оғози соли нави таҳсил
Душанбе, 1 cентябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Имрӯз, 1 сентябр, дар саросари ҷумҳурӣ соли нави таҳсили 2011-2012 бо Рӯзи дониш ва дарси сулҳ оғоз ёфта, занги аввал садо дода, бори нахуст беш аз 160 ҳазор нафар кӯдакон пой бар остонаи дабистонҳо гузоштанд. Назар ба иттилои Ноилшо Нуралиев, сардори маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, дар соли таҳсили 2011-2012 дар ҷумҳурӣ зиёда аз 140 мактаби наву замонавӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки дорои тамоми шароити хуби таҳсиланд. Дар ҷумҳурӣ беш аз 3 ҳазору 700 мактаби таҳсилоти умумӣ фаъолиятдошта, дар онҳо зиёда аз 1 миллиону 600 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта мешавад.Бояд зикр кард, ки ҳазамон дар Рӯзи дониш субҳи барвақт Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ташриф овард. Сардори давлати Тоҷикистон бо дастовардҳои илмию эҷодии донишҷӯёни ин даргоҳи маърифат ошно гардида, бо хонандагону донишҷӯёни донишгоҳ сӯҳбат намуд.Президенти Тоҷикистон зимни суханронияш доир ба сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди рушди соҳаи маориф ва дурнамои он ибрози назар карда, оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи донишро ба ҳамаи донишҷӯён ва устодон табрик гуфт. Мулоқоти Президенти ҷумҳурӣ ба таври мустақим тавассути шабакаҳои телевизионии давлатӣ пахш гардид.Мавриди зикр аст чунин мулоқоту вохӯриҳои анъанавию судманди Сардори давлати Тоҷикистон дар оғози соли нав таҳсил шаҳодатест аз ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди соҳаи маориф, ки яке аз омилҳои асосии густариши ҷомеа ба шумор меравад.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






