Ободгарӣ дар арафаи Истиқлолият дар Суғд

Сентябрь 5, 2011 15:46

Суғд, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ, Мирзалӣ Амонов),- Дар вилояти Суғд ба истиқболи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 200 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода мешавад. Яке аз чунин иншоот сохтмони бинои иловагии Беморхонаи марказии ноҳиявии рақами 4 дар деҳаи Унҷӣ маҳсуб меёбад. Бинои нав ба шӯъбаи амрози дарунӣ ва шӯъбаи бемориҳои кӯдакона тааллуқ дошта, бо 1 млн. 600 ҳазор маблағи буҷети вилоят аз тарафи идораи сохтмонии ҶДММ «Бинокор» сохта ба истифода дода шуд Беморхона давоми як сол бо кӯмак ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Идораи тандурустии вилоят ба тариқи фаврӣ обод гардид. Дар вохӯрӣ раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба сохтмончиён изҳори минатдорӣ намуда, ба беморхона як мошинаи ёрии таъчилӣ, ба шӯъбаи занона таҷҳизоти наву замонавӣ ва ба 10 нафар духтури соҳибтаҷриба мукофоти пулӣ тӯҳфа намуд. Дар дароматгоҳи деҳаи Хистеварз Нишони Давлатӣ қомат афрохт, ки он ба ҳусни деҳа ҳусни нав зам намуд. Расми кушодашавии он ботантана ва хеле хотирмон гузашт.Дар назди Беморхонаи марказии ноҳиявии №1, воқеъ дар ҷамоати Хистеварз боз як бинои нав қомат афрохт. Бинои иловагӣ бо кӯшишу талошҳои раиси вилоят соли 2010 оғоз гардида, аз буҷаи давлат 1 млн. 590 ҳазор сомонӣ масраф гардид. Сохтмонро пудратчиёни ҶДММ «Бунёди Юсуф» ба анҷом расониданд. Барои беморхона ба маблағи 105 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ харид гардид. Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар даромадгоҳи шаҳраки Ғафуров тӯҳфаи хубест ба ҷашни 20-солагии Истиқлолият. Раиси вилоят дар хотимаи сафари худ ин ёдгории таърихиро ифтитоҳ намуд.

Сентябрь 5, 2011 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад