Офатҳои табиӣ ба иқтисодиёт зарар меоранд
Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров). – «Мувофиқи арзёбии байналмилалии коршиносон 80 фоизи зарари ба иқтисодиёт расонидашуда ба офатҳои табиӣ рост меояд. Ба ҳисобгирӣ ва пешгӯии ҳолатҳои табии гидрометерологӣ сатҳу ҳаҷми таъсири манфии онҳоро коҳиш дода, имкон медиҳанд, ки зарари онҳо ҷилавгирӣ ё кам карда шавад. Чун 93 фоизи хоки Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӯҳсор ташкил дода ва қисми зиёди он беш аз 3000 метр баландтар аз сатҳи баҳр воқеъ аст, бояд ба ҳодисаҳои фаромадани тарма, сар задании сел ва лабрез шудани кӯлҳои яхбаста аҳамияти зиёд дода шавад», — гуфт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори шӯъбаи муҳофизат аз фуруди тармаи Агентии обуҳавосанҷии назди Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон Михаил Борисов, ки дар кори конфронси байналмилалии Душанбе оид ба масъалаи тағйир ёфтани иқлим иштирок дошт. Михаил Борисов зикр намуд, ки барои коҳиш додани зарари сел, тарма ва ярч бояд дар бахши обуҳавосанҷии мубодилаи иттилоот намуда, дар бораи ҳолати пиряхҳо ва кӯлҳои лабрезшаванда ба якдигар хабар дода шавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






