Омодагӣ ба зимистон
Хоруғ, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). — Дар ВМКБ ба зимистон омодагии ҷиддӣ мебинанд, зеро даймоҳи Бадахшон хеле сармоиву дароз аст. Тавре ҷонишини раиси вилоят Исрор Исроров ба хабарнигорамон иттилоъ дод, соли ҷорӣ тибқи талаботи муайянгардида дар муассисоти иҷтимоии вилоят ба миқдори зарурӣ ангишту ҳезум захира мешавад, ки аз нисф зиёди он аллакай вориди идороту муассисот гардидааст. Муассисоти соҳаи маориф 54 генератори коршоям доранд, ки ҳангоми камчинии нерӯи барқ аз онҳо истифода мекунанд. Ҳоло дастгоҳи дуюми нерӯгоҳи барқии «Помир – 1» таъмир шуда, дастгоҳҳои барқии обии Оқсу, Сипонҷ ва Хуҷанд фаъолият доранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






