Омодасозии техникаи роҳнигоҳдорӣ

Сентябрь 26, 2011 15:07

Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Фаъолияти самараноки корхонаю муассисаҳо, умуман иқтисодиёти ҷумҳурӣ, махсусан дар фасли сармо аз кори мунтазами нақлиёту хоҷагии роҳ низ вобаста аст.Омодасозии техникаи роҳнигоҳдорӣ дар ҳамаи муассисаҳои Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ оғоз гардида, дар навбати аввал таҷҳизоту техникаи роҳнигоҳдорӣ дар ағбаҳо ва қитъаҳои роҳҳои автомобилгарди дар давраи тирамоҳу зимистон душворгузар мавриди истифода қарор мегирад. То ҳолати 1 сентябри соли 2011 468 адад воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва техникаи роҳсозии коршоям барои дар ҳолати фаъол нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгард дар қитъаву ағбаҳои мушкилгузар омода шудаанд. Дар муассисаҳои давлатии Идораҳои минтақавӣ барои хизматрасонии техникии роҳнигоҳдорӣ 137 адад воситаҳои техникии гуногун мавҷуданд, ки аз онҳо 126 адад (92 фоиз) дар ҳолати корӣ қарор доранд. Ҳамчунин барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои автомобилгард соли равон 10 адад автомашинаи борбардор харид шуда, дар ихтиёри муассисаҳои зертобеи вазорат гузошта шуд. Ҳамчунин дар доираи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон ба миқдори 30,2 ҳазор метри мукааб маводи зидди лағжиш, ки 64 фоизи нақшаро ташкил медиҳад, дар роҳу ағбаҳо тайёр шуда, ба миқдори 94,2 тонна ангишт, 310,8 метри мукааб ҳезум ва қариб 60 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ захира шудааст. Нақшаи омодасозии таҷҳизоту техникаи роҳнигоҳдорӣ дар муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард таҳия ва тасдиқ гардида, рафти иҷрои он таҳти назорати доимӣ қарор дорад.

Сентябрь 26, 2011 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад