Озмуни достонсароӣ
Турсунзода, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев). – Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон дар Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик» бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 100- солагии шоири маъруф, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода озмуни «Достонсароӣ» баргузор гардид.Дар озмун довталабон аз ҳамаи коргоҳҳои корхона ҳузур доштанд. Баъди санҷиши ҳамаҷониба доварон Насиба Ниёзова, Умеда Холмуродова, Алеся Бандаренкоро сазовори ҷойҳои намоён ва ҷойиза гардиданд. Тавре раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар КВД «Ширкати алюминии тоҷик» Иброҳим Сатторов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, чунин чорабиниҳои фарҳангӣ дар корхона зуд-зуд баргузор гарднда ва ғолибону фаъолон бо тӯҳфаҳо сарфароз мешаванд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






