Парчами рекордӣ аз абрешим омода шудааст

Сентябрь 8, 2011 14:00

Душанбе, 8 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Вазни парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фардо, 9 сентябр дар рӯзи таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни тантанаҳои идона ба воситаи хиёбони Рӯдакӣ аз Майдони «Дӯстӣ» тавассути беш аз 3000 нафар гузаронида мешавад, 860 килограмм буда, дарозиаш 2011 ва паҳнояш 7 метр аст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз матои абрешим, ки онро шаҳрдории Душанбе аз Бишкек харидааст, тайёр гардидааст. Хушмаҳмад Ҷомаҳмадов, директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳодияи Истеҳсолии «Нассоҷии Тоҷик» зимни сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки парчам дар яке аз коргоҳҳои ИИ «Нассоҷии Тоҷик» дар зарфи ду ҳафта тайёр шуда, дар омода намудани он беш аз 20 нафар мутахассисону чеварон иштирок намудаанд.Бояд тазаккур дод, ки дар робита ба омода сохтани парчами давлатии бузург бо дарозии 2011 метр, ки ҳамчун рамз ба соли 2011 рабт дорад, шаҳрдории Душанбе ҷиҳати ворид намудани он ба китоби рекордҳои нави ҷаҳонӣ- Гиннес ба масуълини он дархост ироа сохтааст, то рекорди нави ҷаҳониро дар китоби Гиннес сабт созанд.

Сентябрь 8, 2011 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд