«Потап ва Настя» дар меҳмонии сокинони пойтахт
Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Бахшида ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶДММ «Таком», ки пешниҳодгари хизматрасонии алоқаи кандуӣ (мобилӣ) таҳти тамғаи тиҷоратии Beeline дар қаламрави Тоҷикистон мебошад, ба ҳамаи сокинони пойтахт ва меҳмонони он консерти ҷуфти ситорагони машҳур «Потап ва Настя»-ро тақдим месозад. Чорабинӣ бегоҳии 14 сентябр дар майдони Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ баргузор мегардад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ширкати мобилии мазкур иттилоъ доданд.Зимни шарҳи ин чорабинӣ сардори кулли ҶДММ «Таком» Сергей Миронов чунин гуфт: «Ширкати мо бо камоли мамнуният ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳуриамонро бо бистумин солгарди Истиқлолият, ки ба дилҳо умеду ба ояндаи нек боварӣ мебахшад, табрик менамояд. Ин консерт тўҳфаи мо ба сокинони ҷумҳурӣ бахшида ба Истиқлолияти давлатӣ аст».








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






