Президенти Русия ба Тоҷикистон ташрифи расмӣ овард
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 2 сентябр Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташрифи расмӣ овард.Дар фурудҳои байналмилалии шаҳри Душанбе Д.Медведевро Сарвазири ҶТ Оқил Оқилов истиқбол намуд.Имрӯз, 2 сентябр, мулоқоти чоргонаи Дмитрий Медведев бо Президенти Афғонистон Ҳомид Карзай, Президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад.Дар нимаи дуюми рӯзи 2 сентябр ташрифи расмии Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон шурӯъ мешавад. Аввал мулоқоти президентҳои Тоҷикистону Русия дар шакли як ба як, сипас дар низоми васеъ бо иштироки ҳайатҳои ҷонибайн баргузор мешавад.«Аз рӯи натиҷаи ташрифи расмии Медведев ба имзо расонидани се ҳуҷҷат — Изҳороти муштараки роҳбарони ду давлат, Барномаи ҳамкории иқтисодии байни ҶТ ва ФР барои солҳои 2011 – 2014 ва Созишнома дар бораи ҳамкории сарҳадӣ дар назар аст», — хабар дод дар нишасти матбуотӣ Давлаталӣ Назриев, сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ 30 август дар шаҳри Душанбе.Президенти Русия ҳамчунин дар маҷлиси навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 3 сентябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, иштирок менамояд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






