Рӯёнидани ҷуброни хисороти ба табиат расонидашуда
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). Мутахассисони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо намояндагони шӯъбаву бахшҳои дар шаҳру ноҳияҳо буда дар давоми моҳи август доир ба муомилот бо партовҳо дар 78 корхонаи саноатӣ санҷиши назоратӣ гузарониданд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки танҳо дар ҶДММ «Алмоси Хуҷанд» ҷиҳати муомилот бо партовҳо, нисбат ба соҳибкорон Зикрилло Очилов, Ғайбулло Содиқов, Фаррух Орифов, ки хилофи моддаҳои 43 ва 53-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат», моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ» рафтор намудаанд, протоколҳои ҳуқуқвайроркунии маъмурӣ тартиб дода шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






