«Рӯзи дарҳои кушода» дар Академияи хурд

Сентябрь 28, 2011 15:46

Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина ). – 25 сентябр дар Академияи хурди илмҳои назди Академияи маорифи Тоҷикистон «Рӯзи дарҳои кушода» баргузор гардид, ки ба он хонандагони мактабҳои пойтахт даъват шуда буданд. Ин чорабинӣ бо маҷлиси умумӣ оғоз ёфта, дар он президенти Академияи хурд, академик Далер Почоҷонов, котиби илмии академия Светлана Благовешенская, роҳбарони бахшҳои оид ба илмҳо, ҳамчунин хонандагон суханронӣ карданд.Сипас корманди илмии пажӯҳишгоҳи тадқиқоти илмии Академияи маорифи Тоҷикистон, роҳбари бахши педагогика ва психология Мунаввара Назарова изҳор дошт, ки ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе дар бинои муассисаи мазкур барои хонандагони синфҳои болоӣ бо олимони номдор, академикҳо ва профессорон мулоқотҳои ҷолиб доир мешаванд.

Сентябрь 28, 2011 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад