«Регар- ТадАз» дар зинаи аввали ҷадвали мусобиқот

Сентябрь 28, 2011 16:55

Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).-Дастаи футболи «Регар- ТадАз» баъди ғалаба бар тими «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар рақобатҳои лигаи олии чемпионати ҷумхурӣ аз нав ба зинаи аввали ҷадвали мусобиқот баромад. Ин вохӯрӣ дар шаҳри Турсунзода бо натиҷаи 3 бар 1 ҷамъбаст гардид. Дар зинаи дуюм дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бо 62 имтиёз мавқеъ гирифтааст. Чемпиони соли гузашта «Истиқлол»- и Душанбе бо сабаби дар бозиҳои Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё ширкат карданаш аз ҳарифони худ шаш бозӣ кам гузаронида, бо касби 55 имтиёз дар зинаи сеюм қарор дорад. Дастаи «Гвардия» дар зинаи охирини ҷадвали мусобиқот бо 9 хол ҷойгир шудааст.

Сентябрь 28, 2011 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд