Роҳҳо- наздиккунандаи халқу миллатҳо
Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, амалишавии лоиҳаи сохтмони шоҳроҳи Қӯрғонтеппа – Панҷи Поён бо суръат давом дорад. Ба иттилои манбаъ, шоҳроҳи мазкур бо маблағи бебозгашт (грант) – и ҳукумати Ҷопон, ки 75 млн. долларро дар бар мегирад, сохта хоҳад шуд. Дарозии умумии ин шоҳроҳ 75 км буда, айни замон навсозии қитъаи 27 километраи Дустӣ — Панҷи Поён мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Дар километри 42 –юми қитъаи 60 километраи Дӯстӣ — Қӯрғонтеппа 94 фоизи корҳои навсозӣ, аз ҷумла бунёди 7 пул анҷом ёфтааст.Дар назар аст, ки навсозии 18 км роҳи боқимонда соли 2012 оғоз ва то охири ҳамон сол ба охир расонида шуда, шоҳроҳи Қӯрғонтеппа – Панҷи Поён пурра мавриди истифода қарор гирад.Боис ба ёдоварист, ки шоҳроҳи мазкур аз ҷониби ширкати роҳсозии ҷопонии Дай – Нипон – Нило бо сифати баланди сатҳи байналмилалӣ навсозӣ мегардад, ки он барои ба ҳам наздиксозии халқу миллатҳои гуногун дар дохил ва хориҷ хизмат хоҳад кард.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






