Рушди соҳаи тандурустӣ дар Бадахшон
Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Шумораи муассисаҳои муолиҷавии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон давоми 20 соли истиқлолият хеле афзуд,- иттилоъ дод сардори Раёсати тандурустии вилоят Саидбек Давлатбеков ба мухбири АМИТ «Ховар».Барои исботи андеша С. Давлатбеков иброз дошт, ки давоми 20 соли Истиқлолияти давлатӣ муассисаҳои муолиҷавии Бадахшон ба 315 адад расид, ки ин барои сокинони вилоят афсонаро мемонад. Имрӯз дар ин муассисаҳои табобатӣ беш аз 445 нафар духтурони дараҷаи олӣ ва 1740 нафар кормандони миёнаи тиббӣ фаъолият намуда, шарики ғаму шодии ҳамдиёрон ва барқароркунандаи саломатии онҳо мебошанд.Муҳим он аст, ки ягон бемор барои ҷарроҳӣ ва табобат ба клиникаҳои номии пойтахт интиқол дода нашуда, саломатиашонро дар худи муассисаю марказҳои муолиҷавии вилоят дар вақти муайяншуда барқарор мекунанд.Давоми моҳҳои январ – августи соли 2011 беш аз 100 нафар духтурон дар бемористон (клиника) – ҳои беҳтарини шаҳрҳои Маскав, Санкт – Петербург, Остона, Бишкек ва Душанбе такмили ихтисос намуданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






