Русия пойфзоли Тоҷикистонро ташхис менамояд
Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бисеҷ»-и шаҳри Исфара соли 2011 ҳамкории истеҳсолиро бо ширкати русиягии «Корхонаи истеҳсоли пойафзоли шаҳри Магнитогорск» ба роҳ монда, бо дастгирии Вазорати энергетика ва саноати ҶТ марҳилаи аввали истеҳсоли қисми болои пойафзолҳои бачагонаро аз ашёи супоришгар оғоз намуд.Моҳи августи соли ҷорӣ 2000 дона маҳсулоти нимтайёр истеҳсол ва барои гузаронидани ташхис ба супоришгар равон гардид. Баъд аз гузаштани ташхис дар Федератсияи Русия, корхонаи ватанӣ ният дорад силсилаи пурраи истеҳсоли пойафзолҳои бачагонаро ба роҳ монад.Дар корхона 30 ҷойи нави корӣ таъсис шуда, коргарон метавонанд ҳамасола зиёда аз 100 ҳазор ҷуфт пойафзоли бачагона истеҳсол намоянд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ иттилоъ доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






