Сарфи самараноки маблағҳо дар ноҳияи Айнӣ
Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар замони истиқлолият ҳаҷми умумии сармоягузориҳо ба ноҳияи Айнии вилояти Суғд аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз як миллиарду 56 миллион сомониро ташкил дода, маблағҳои зикршуда ба соҳаҳои сохтмони асосии ноҳия равона шудаанд. Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо ба маблағи қариб 40 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шудаанд. Тавре аз дафтари матбуоти ноҳия ба мо иттилоъ доданд, дар асоси тадбирҳои андешидаи ҳукумати кишвар давоми солҳои охир дар ноҳияи Айнӣ бо сарфи даҳҳо миллион сомонӣ сармоягузориҳои давлативу хориҷӣ амалӣ гардида, иншооти гуногуни хурду бузург, хусусан дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ мавриди сохтмон ва таъмиру барқарорсозӣ қарор гирифта, аксарияти онҳо ба истифода супорида шуданд. Аз ҷумла, тӯли солҳои истиқлолият танҳо дар соҳаи маориф барои 4 600 ҷои нишаст мактабҳои таҳсилоти умумӣ сохта ба истифода дода шудаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






