Се бозии «Истиқлол» мавқуф гузошта шуд

Сентябрь 2, 2011 11:18

Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Бинобар иштироки дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар сабқати интихобии даври сеюми Мусобиқоти ҷаҳон – 2014 дар минтақаи Осиё Федератсияи футболи ҷумҳурӣ тасмим гирифт, ки се бозии мусобиқоти кишвар бо иштироки Клуби футболи «Истиқлол» — и шаҳри Душанбе ба вақти дигар гузаронида шавад.Хотирнишон месозем, ки дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон, ки асоси онро футболбозони дастаи «Истиқлол» — и шаҳри Душанбе ташкил медиҳанд, 2 ва 6 сентябр бояд бо дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Мардумии Демократии Куриё қувваозмоӣ намояд.

Сентябрь 2, 2011 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад