Семинар-тренинг оид ба истифодабарии манбаи энергия

Сентябрь 4, 2011 15:03

Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо). – Бо ибтикори Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон ва ҳамкории барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошим семинар-тренинг баргузор гардид. Дар кори он намояндагони Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, Донишгоҳи техникии ҷумҳурӣ, Ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик», Тоҷикстандарт, Ширкати барқии Помир иштирок намуданд.Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шодӣ Шабдолов заминаҳои қонунгузории ҷумҳуриро дар соҳаи энергетика ва манбаҳои барқароршавии энергияро бо далелҳо шарҳ дод. Дар семинар инчунин намояндаи ШСХК «Барқи тоҷик» Рашид Гулов ширкат намуда, аснодҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба истифодабарии манбаи энергия»-ро возеҳ ва равшан манзури аҳли нишаст намуд.

Сентябрь 4, 2011 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад