Шӯҳрат ва абадияти Борбад

Сентябрь 21, 2011 15:08

Душанбе, 21 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар садаҳои 4- 7»- таҳти чунин унвон нашриёти «Контраст»-и Душанбе китоби донишманди шинохтаи тоҷик Аскаралӣ Раҷабовро бо забони тоҷикӣ ва ба шакли фишурда бо забони англисӣ аз чоп баровард. Дар рисола бо такя ба гузориши сарчашмаҳои хаттӣ дар муқоиса бо навиштаҳои пажӯҳишгарони ватанию хориҷӣ, таҳаввулоти сиёсӣ, вазъи эҷод ва вазъи мусиқӣ дар садаҳои 4- 7, махсусан замони поягузори маҷмӯи мӯҳташами мусиқии устодони тоҷику форс, сароянда, оҳангсозу таронасоз ва мусиқидони номвар Борбади Марвазӣ (585-628), ки дар аҳди имперотури муқтадири эронӣ-Сосониён (222-24- 651), хосса дар замони шоҳаншоҳ Хусрави Парвиз (590-628) зиндагӣ ва эҷод намудааст, ба риштаи таҳқиқ омадааст. Аскаралӣ Раҷабов, ки ҳамзамон сарварии Маркази байналмилалии таҳқиқи мусиқии мардумони Ховар (Борбад)-ро ба ӯҳда дорад, дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки китоби мазкур ба ифтихори 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1425 –солагии Борбади Марвазӣ ва 60-умин солгарди таъсисёбии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор гардидааст. Дар рисола зимни истифодаи гузориши навини сарчашмаҳои хаттӣ, ки солҳои охир нигоранда аз осорхонаҳои Ҳинду Эрон ва Аврупо дастёб намудааст, нақши фарҳанги авестоӣ дар ташаккули шаклу анвои шеърию мусиқии ҳирфаӣ, жанрҳои мӯҳташами силсилавии шеърию мусиқии «Хусравоин», «Каркӯӣ», «Лоскавӣ», «Уроманӣ», суннати ҳирфаию ғайриҳирфаии эҷоду иҷрои мусиқӣ, сабку равияҳои иҷроӣ дар тамаддуни мусиқии садаҳои 4-7, рӯи кор омадани ҳавзаҳои ҳунарӣ (Марв, Тайсафун- Тисфун, Бухоро ва Самарқанд), бардошту тавъами фарҳангҳои дигар ва бозтобию муассирияти он дар Ромишсарои Сосониён, гурӯҳбандии ҳирфаии аҳди созу овоз дар сохтори идории шоҳаншоҳӣ ва амсоли ин мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Ҳамзамон, масоили рӯи саҳна омадани дастуру рисолаҳои хоссаи назарии созу овоз, падиди чеҳраҳои созу овоз, амсоли Борбад, Накисо, Ромтин, Саркаш, Озодвор, Гесӯи Навогар, Савсанаки Чангӣ, рушди ҳунари ҳирфаӣ ва ғайриҳирфаӣ, санъати эҷодию иҷроии госасароӣ, бунёди диди зебоишиносии ҳирфаии мусиқӣ, ҷараёнгирии вожаномаи амалию назарии созу овоз аз падидаҳои муассири замони Борбад буда, ва ин мавзуот бо такя ба гузориши сарчашмаҳо пажӯҳиши фаннӣ шудаанд. Дар муқоваи китоб расми ромишгар Борбади Марвазӣ ва чангнавоз аккосӣ шудааст. Дар дохили китоб бошад расмҳои сурнонавозон, ромишгарон, чангнавоз, барбатӣ, Хусрави Анӯшервон бо дарбориён, базми шоҳона, бозигар, барбатнавоз Баҳром дар шикоргоҳ гирд оварда шудааст. Докторҳои илмҳои филологӣ ва фалсафа Абдунабӣ Сатторзода ва Саъдулло Раҳимов муқарризони китоб мебошанд. Рисола чун армуғон ба дӯстдорони фарҳанг, пажӯҳишгарон, шогирдону устодони ҳунарҳои зебо эҳдо мегардад

Сентябрь 21, 2011 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд