Шабакаи гармидиҳӣ гармӣ медиҳад?

Сентябрь 26, 2011 15:02

Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Муассисаи Шабакаи гармидиҳиҳии шаҳри Душанбе дар доираи чорабиниву нақшаҳои тасдиқгардида то 1 сентябри соли равон таъмири ҷории 14 адад дегҳои гармидиҳӣ (88%), 4 адад бунгоҳҳои гармидиҳандаи бойлерӣ (80%), 12 адад (80%) истгоҳҳои насосӣ, 801 адад (84%) луккидонҳо ва 311 адад (76%) чоҳҳои амудиро ба анҷом расонид ва дар ин самт корҳо идома доранд.Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, корхона тибқи нақша қубурҳои гармитаъминкуниро ба миқдори 15,3 км (83%) таъмир ва 1,9 км (70%) иваз намуда, 70,3 километри онро аз санҷиши гидравлӣ гузаронид. Корҳои барқароркунии дегхонаи беморхонаи касалиҳои сил ба анҷом расида, барқароркунии дегхонаи беморхонаи ёрии таъҷилӣ идома дорад.Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо қувваи барқ ва махсусан ноҳияҳои дурдаст Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009 – 2020”-ро аз 2 феврали соли 2009 қабул кард, ки тибқи он сохтмони 189 адад нерӯгоҳҳои барқи обии хурд бо маблағи умумии 123 млн. 134 ҳазор доллари амрикоӣ ва тавоноии 101,2 ҳазор кВт пешбинӣ шудааст.

Сентябрь 26, 2011 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад