Шабакаи оби деҳаи Чагев

Сентябрь 6, 2011 12:53

Хоруғ, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). — Дар пешорӯи ҷашни Истиқлол дар сар то сари вилоят корҳои ободонӣ дар ҷараёнанд. Баробари корхонаву муассисоти давлатӣ созмонҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ низ дар ин корҳои хайр ҳиссагузорӣ менамоянд. Дар арафаи ид дар деҳаи Чагеви ноҳияи Роштқалъа барномаи шабакаи об бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо тавассути МСДСП – и Бунёди Оғохон амалӣ гашт. Ҳаҷми умумии корҳои сохтмонӣ 16 ҳазор доллари амрикоӣ буда, ҳоло 20 бунаи деҳа аз истифодаи оби тозаи нӯшокӣ бархӯрдор аст. Мутасаддиёни барнома иттилоъ доданд, ки то охири сол боз дар панҷ деҳаи вилоят барномаи шабакаи об пиёда гардонида мешавад.

Сентябрь 6, 2011 12:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд