Ширкатҳои «Сомон Ойл» ва «СуғдГео» газу нафт меҷӯянд.
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сардори идораи саноат ва энергетикаи вилояти Суғд Содиқ Рустамов айни замон дар ин минтақаи кишвар 150 нафар муҳандисон ва кормандони техникии ширкатҳои «Сомон Ойл» ва «СуғдГео» машғули ҷустуҷӯи газу нафт мебошанд.Ба иттилои манбаъ, истихроҷи нафту газ дар ноҳияҳои Исфара ва Конибодом босуръат идома дорад. Тайи 8 моҳи аввали соли ҷорӣ дар ин минтақаи ҷумҳурӣ 8 ҳазору 600 тонна нафт ва 4,3 млн. метри мукааб газ ба даст оварда шудааст.Ба гуфти С.Рустамов, миқдори истеҳсоли нафт нисбат ба соли 2010 2,3 фоиз кам ва истеҳсоли газ 2,5 фоиз зиёд шудааст. Аз нафти истеҳсолшуда 4 ҳазору 300 тонна мазут, 1300 тонна сӯзишвории дизелӣ ва 247 тонна бензин истеҳсол шудааст.Боиси тазаккур аст, ки мутахассисон захираи нафтро дар ин минтақа беш аз 20 млн. тонна ва газро зиёда аз 14 млрд.метри мукааб пешгӯӣ мекунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






