ШСКХ «Барқи Точик» ҳисобкунакҳои нав насб мекунад
Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).-Масъулини ШСХК «Барқи Тоҷик» ба насб намудани ҳисобкунакҳои электронӣ барои сокинони кишвар оғоз намуданд. Ҳисобкунакҳои мазкур тибқи шартномаи миёни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва ширкати хитоии «Csic» насб карда мешаванд. Нархи ҳар як ҳисобкунак 29 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» роҳбари маркази матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ иттилоъ дод. Тибқи суханони ӯ мутахассисони ширкати мазкур дар шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ миқдори аввали ҳисобкунакҳои навро аллакай насб намуданд. Дар ҳаҷми умумӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 10 ҳазор ҳисобкунаки нав шинонида шуда, рӯзҳои наздик 10 ҳазори дигар дар хонаҳои сокинони шаҳри Ваҳдат насб карда мешавад. Мавриди www.christianunion.org/buy-prednisone-online/ аст, ки ҳисобкунакҳои нав ба таври ройгон насб мешаванд. Ҳисобкунакҳо аз рӯи низоми пешпардохт кор мекунанд. Ғайр аз ин насби ҳисобкунакҳои нав зарурати нигоҳ доштани миқдори зиёди назоратчиёнро надошта, аз ҳуқуқвайронкунии ҳамаҷонибаи ин соҳа ҷилавгирӣ мекунад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






