Сиҳатӣ ва рушди кӯдакон дар замони муосир
Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).-Имрӯз, 28 сентябр дар Маҷмааи Кохи Ваҳдат Конгресси XI-и педиатрҳои Аврупову Осиё таҳти унвони «Проблемаҳои сиҳатӣ ва рушди кӯдакон дар замони муосир» ба кори худ оғоз намуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» роҳбари Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-клиникии педиатрия ва ҷарроҳӣ бо ҳамкории Вазорати тандурустии ҶТ Зоир Набиев иттилоъ дод.Ин чорабинӣ бо ибтикори Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-клиникии педиатрия ва ҷарроҳии Вазорати тандурустии Тоҷикистон, Ҳукумати ҶТ ва як қатор созмонҳои мададрасони байналмилалӣ ташкил шудааст.Дар кори конгресс 200 нафар мутахассисони варзида аз 18 кишвари ҷаҳон: Португалия, Норвегия, Туркия, Русия, Украина, Беларус, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Ӯзбакистон, Қирғизистон, Туркманистон ширкат менамоянд. Конгресс 30 сентябр ба кори худ анҷом мебахшад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






