Симпозиуми V байналмилалӣ

Сентябрь 16, 2011 17:57

Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Аз 3 то 7 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе  Симпозиуми ҳарсолаи «Донишгоҳҳои олии фарҳанг ва ҳунар дар паҳнои ҷаҳонии омӯзишӣ» баргузор мегардад.Симпозиуми ҳарсола –лоиҳаи  арзишманди ҷаҳониест, ки намояндагони илм ва маориф, ходимони фарҳангӣ ва сиёсӣ, сохторҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва касбии бисёр давлатҳои дунёро гирдиҳам меоварад.Мақсади баргузории Симпозиуми байналмилалии «Донишгоҳҳои олии фарҳанг ва ҳунар дар паҳнои ҷаҳонии омӯзишӣ» тайёр намудани мутахассисони соҳаи фарҳанг ва ҳунар, анъанаҳои миллӣ ва равандҳои ҳозиразамон мебошад. Созмондиҳандагони Симпозиюм Кумитаи кор бо ИДМ-и Шӯрои Федератсияи Русия,  Вазорати фарҳанги Федератсияи Русия, Вазорати маорифи Федератсияи Русия, Хадамоти федералии кор бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамватанони хориҷ аз кишвар ва ҳамкории байналмилалии башардӯстона, Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва ҳунари Маскав, Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,  Консерваторияи Миллии Тоҷикистон ба номи  Сатторов, Донишкадаи Давлатии  санъати Тоҷикистон ба номи Турсунзода, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, Намояндагии Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва ҳунари Маскав  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷамъияти дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Тоҷикистон» мебошанд.

Сентябрь 16, 2011 17:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад