Системаи хизматрасонии манзилӣ ислоҳот мехоҳад
Душанбе, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – «91 фоизи пурсидашудагон аз системаи мавҷудаи хизматрасонии манзилӣ қаноатманд нестанд», — гуфт зимни суханрониаш аз рӯи натиҷаи таҳқиқи сатҳи воқифияти шаҳрвандон аз ислоҳоти истифодаи биноҳои бисёрҳуҷрадор директори Итифоқи истифодабарандагони хонаҳои истиқоматии Тоҷикистон Баҳодур Ҳабибов дар нишасти матбуотӣ, ки 12 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Баҳодур Ҳабибов журналистонро бо натиҷаи таҳқиқи сатҳи воқифияти шаҳрвандон аз ислоҳоти истифодаи биноҳои серҳуҷрадор, ки дар панҷ шаҳри калонтарини Тоҷикистон аз қабили Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Чкалов гузаронида шуд, шинос намуд.Нишасти матбуотиро Иттифоқи истифодабарандагони хонаҳои истиқоматии Тоҷикистон бо мадади Мактаби мустақили журналистон ташкил намуд.Баҳодур Ҳабибов ба саволҳои журналистон посух дода, гуфт, ки дар ҳоли ҳозир кор ҷиҳати такмили қонунгузории бахши истифодаи самарабахши манзил идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






