Соҳаи занбӯрпарварӣ инкишоф меёбад
Файзобод, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). – Занбӯрпарварӣ соҳаи камхароҷот ва сердаромад ба ҳисоб рафта, асоси кори онро парваришу нигоҳдорӣ ва истифодаи занбӯри асал барои гардолудсозии набототи энтомофилӣ ва боло бурдани ҳосилнокии соҳа ташкил медиҳад. Бахусус тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯрпарварӣ» ҳамаи хоҳишмандон, шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ҳамчунин ташкилоту корхонаҳо имкон доранд, ки ба парвариши занбӯри асал машғул шаванд. Беҳтарин асалпарварони ноҳияи Файзобод ба он мекӯшанд, ки баробари ба мардум асали тозаю хуштаъм пешкаш намудан дигар намудҳои маҳсулоти занбӯри асал — мум, шири занбӯр, заҳри занбӯр, ширеш, гарди гулро низ ба роҳ монанд. — Айни замон дар ноҳия 5 ҳазору 508 оилаи занбӯри асал парвариш меёбад ва ҳамасола то 700 – 800 оилаи занбӯрро зиёд менамоем, иброз намуд ҳангоми сӯҳбат сарвари раёсати кишоварзии ноҳия Ҳукматулло Қодиров. Ӯ афзуд, ки соли ҷорӣ истеҳсоли асал дар ноҳия тибқи барномаи мазкур ба 53 тонна хоҳад расид ва он бозгӯйи инкишофи соҳа дар ноҳия мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






