Соҳибкорони тоҷик ба «Экспо Покистон» даъват шуданд

Сентябрь 15, 2011 11:54

Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназар Абӯбакр).-14 сентябр муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асаналӣ Карамалиев бо муовини сафири Покистон дар Тоҷикистон Алтамош Вазир Хон мулоқот намуд.Меҳмон мақсади сафарашро дар даъват намудани соҳибкорони Тоҷикистон ба шашумин намоишгоҳи ҳарсолаи «Экспо Покистон», ки аз 20 то 23 октябри соли ҷорӣ дар Маркази Экспои шаҳри Қарочӣ баргузор мешавад, арзёбӣ намуд. Ширкати намояндагони зиёда аз 70 кишвари дунё дар намоишгоҳи мазкур дар назар аст.А. Карамалиев зикр намуд, ки Палата корро дар самти омода намудани иштироки фаъоли ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳ таъмин менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ иттилоъ доданд.

Сентябрь 15, 2011 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд