Сохтмони пули Янғолик – Заранғак дар болои дарёи Сурхоб
Рашт, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). – Дар арафаи ҷашни 20 – солагии Истиқлолияти кишвар як мушкилии аҳолии ноҳияи Рашт ҳалли худро ёфт. Сохтмони пули Янғолик – Заранғак? ки 25 сол пеш дар чуқурии 13 – метраи дарёи Сурхоб оғоз ёфтаву бо сабаби нооромиҳои кишвар сохтмони он қатъ гардида буд, азнав шурӯъ гардид. Тавре муовини аввали раиси ноҳияи Рашт Тошалӣ Муқимов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, солҳои зиёд мардуми деҳоти Ҳиҷборак ва маҳаллаҳои гирду атрофи он аз набудани пули мошингузар танқисӣ мекашиданд.Мавсуф афзуд. ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва мақомоти маҳаллӣ чанде пеш ин пул сохта ба истифода дода шуд, ки айни ҳол аҳолии ин мавзеъ аз он истифода мебаранд. Ҳамчунин дар деҳаи Яхак – Юсти ҷамоати деҳоти Яхак – Юсти ноҳияи Нуробод бахшида ба ҷашни 20 – солагии Истиқлолияти кишвар бо дастгирии Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ва мақомоти маҳаллии ноҳия пул сохта ба истифода дода шуд. Ба иттилои раиси ноҳияи Нуробод Сайдамир Сиёҳмардов он далели корҳои созандагӣ дар арафаи ҷашни мазкур аст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






