Сомон- Эйр ҳавопаймои нави Боинг 737-900-ро муаррифӣ кард
Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — 29-уми сентябри соли 2011 Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», ҳавопаймои нави Боинг 737-900-ро муаррифӣ намуд. Ҳавопаймои мазкур (нахустин дар қаламрави ИДМ) чаҳорумин ҳавопаймоест, ки парки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»-ро ғанӣ месозад.Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ширкати мазкур хабар доданд, ҳавопаймо дар корхонаи тайёрасозии шаҳри Сиэтли Амрико бо фармоиши ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» омода шудааст.Ҳавопаймо дорои 184 ҷойи нишаст буда, аз ҷиҳати иқтисодӣ – сарфи сӯзишворӣ хеле самаранок аст. Ҳавопаймо дар хатсайрҳои самти хориҷаи дуру наздик, аз ҷумла Душанбе-Франкфурти лаби Майн, Душанбе-Дубай, Душанбе-Истанбул, Душанбе-Ҷидда, Душанбе-Урумчи, Душанбе-Москва, Душанбе-Санкт-Петербург, ҳамчунин хатсайрҳои нави банақшагирифташудаи Душанбе-Бангкок ва Душанбе-Сеул истифода хоҳад шуд.Ба ҷуз скай интерйер ва намуди дохилии ҳавопаймо, ки бо инобати хусусиятҳои миллӣ иҷро шудааст, системаи мултимедии ҳавопаймо хеле ҷолиб аст. Минбаъд мусофирони ширкат ҳангоми парвоз имкон доранд вақти худро бо гӯш кардани мусиқӣ, тамошои филмҳои нав ва бозиҳо бароҳат гузаронанд. Манбаъ ҳамчунин иттилоъ дод, ки ҳавопаймо тибқи анъана ба шарафи Қаҳрамони миллати тоҷик Шириншо Шотемур номгузорӣ шуд. Ёдрас менамоем, ки 3 ҳавопаймои ширкат қаблан ба ифтихори Исмоили Сомонӣ, Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода номгузорӣ шудаанд.Интизор меравад, ки то охири соли ҷорӣ ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» боз як ҳавопаймои дигари Боинг 737-900-ро вориди кишвар менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






