Тӯҳфаи ширкати «Тетис Петролеум»

Сентябрь 14, 2011 11:24

Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – «Тетис Петролеум Лимитед» — ширкати таҳқиқу истихроҷкунандаи нафту газ барои харидорӣ намудани мошини ёрии таъҷилӣ дасти ёрӣ дароз намуд. Ин мошин, ки бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз аст, дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа мавриди истифода қарор мегирад.
Мошини ёрии таъҷилӣ тавассути марзҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба кишвари мо оварда шуд. Маросими супуридани он 7 сентябри соли ҷорӣ дар доираи таҷлили 20 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он намояндагони ширкати «Тетис Петролеум Лимитед» бо сарварии президенти ширкат Дэвид Робсон иштирок доштанд.

Сентябрь 14, 2011 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд