Тӯхфа ба оилаҳои бесаробону камбизоат

Сентябрь 22, 2011 11:51

Файзобод,   22 сентябр. (АМИТ «Ховар»,  Зебо  Давлатова). –  Ба қавли    раиси  кумитаи  кор  бо  занон ва  оилаи  назди  ҳукумати  ноҳияи  Файзобод Гул Халифаева, робитаву ҳамкорӣ бо  ташкилотҳои  хориҷӣ      боиси   паст   шудани сатҳи  камбизоатӣ  дар  ноҳия  гаштааст. Бо  дастгирии  Кумитаи  имдоди  Имом Хумайнӣ  дар  ноҳияи  Файзобод ба  37  нафар   оилаҳои  бесаробон кӯмаки  моддӣ   расонида шуд.  Инчунин, дар  арафаи  ҷашни Истиқлолияти  кишвар  ва  80  — солагии ноҳия  ба  32  нафар  оилаҳои  бесаробон аз тарафи  ташкилоти  ҷамъиятии «Умеди  аср» дар  ҳамкорӣ бо  бахши Кумитаи  кор  бо  занон ва оилаи  назди  ҳукумати  ноҳияи  Файзобод  кӯмаки  моддӣ, аз  қабили  орд,  равған,  шакар, биринҷ  ва  дигар  маводи  ғизоӣ  расонида шуд. 

Сентябрь 22, 2011 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд