Таҳкими ҳамгироии байни хадамоти ВИЧ/СПИД ва бемории сил
Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Имрӯз, 28 сентябр, дар Маркази аҳли тиҷорати пойтахт мулоқоти корӣ ҷиҳати таҳкими ҳамгироии байни хадамоти ВИЧ/СПИД ва бемории сил баргузор шуд. Дар мулоқот намояндагони марказҳои вилоятию ноҳиявӣ оид ба ҷилавгирӣ ва муборизаи зидди ВИЧ/СПИД ва бемории сил ҳамчунин намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ, байналмилалӣ ва ёрирасон иштирок намуданд.Мулоқотро маркази ҷумҳуриявии муборизаи зидди бемории сили назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мадади Бунёди ҷаҳонии муборизаи зидди ВИЧ/СПИД, бемории сил ва вараҷа, ҳамчунин Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ ташкил намуданд.Директори Маркази ҷумҳуриявӣ оид ба муборизаи зидди бемории сил Ӯктам Бобохоҷаев барандаи мулоқоти корӣ буд.Мақсад аз ин мулоқот густариши ҳамгироии байни хадамоти ВИЧ/СПИД ва бемории сил, ошкор намудани ҳодисаҳои ин бемориҳо ва сари вақт табобат намудани онҳо мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






